Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ғолибони IX Ниммарафони Душанбе маълум шуданд

21.04.2018

: 583

Имрӯз, 21 апрел, ба муносибати Рӯзи пойтахт Ниммарафони IX байналмилалии Душанбе баргузор гардид.

Дар ин мусобиқаи бошукуҳи варзишӣ аз миёни мардон варзишгари кишвари Эфиопия Тефера Гоза масофаи 21 километрро дар муддати 1 соату 9 дақиқаю 3 сония аввалин шуда, тай намуда, сазовори ҷойи аввал гардид. Зинаи дуюм насиби намояндаи Кения Маана Ретер Курушбу шуд. Ҷойи сеюмро давандаи дигари Эфиопия Фенте Гирша аз худ намуд.
Аз миёни занҳо бошад, хати мараро аввалин шуда, варзишгарбонуи кишвари Қирғизистон Маслова Даря дар муддати 1 соату 13 дақиқаю 38 сония тай намуд. Зинаҳои дуюм ва сеюм насиби варзишгарони Ӯзбекистон Хмелнитсая Марина бо натиҷаи 1:16:05 ва Ҳамидова Ситора бо натиҷаи 1:16:53 шуд.
Ёдовар мешавем, ки Ниммарафони Душанбе ҳамчун як чорабинии варзишии сатҳи баланд, мақоми байналмилалӣ гирифта, дар рӯйхати мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаи дур шомил аст. Имсол ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил кардани мусобиқа аз ҳисоби маблағҳои махсуси дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе 398 053 сомонӣ ҷудо гардид. Варзишгароне, ки то зинаи 6-умро ишғол намудан, бо мукофотҳи пулӣ мукофотонида шуданд.
Ҷои 1: 31150 сомонӣ
Ҷои 2: 26700 сомонӣ
Ҷои 3: 22250 сомонӣ
Ҷои 4: 17800 сомонӣ
Ҷои 5: 16020 сомонӣ
Ҷои 6: 13350 сомонӣ

Ғолибони Ниммарафони IX байналмилалии Душанбе:
МАРДҲО
1. Тефера Гоза (Эфиопия) - 1:09:03
2. Маана Ретер Курушбу (Кения) - 1:05,05
3. Фенте Гирша (Эфиопия) - 1:05:39
4. Куштанбеков Адилет (Қирғизистон) - 1:07:05
5. Тапкин Илйя (Қирғизистон) - 1:07:15
6. Петров Андрей (Ӯзбекистон) - 1:08:27

ЗАНҲО
1. Маслова Даря (Қирғизистон) - 1:13:38
2. Хмелнитсая Марина (Ӯзбекистон) - 1:16:05
3. Ҳамидова Ситора (Ӯзбекистон) - 1:16:53
4. Шафар Александра (Украина) - 1:17:53
5. Коробитеная Мария (Қирғизистон) - 1:18:54
6. Мурунги Бетти Касамбӣ (Кения) - 1:20:55