Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Иштироки Президенти кишвар дар мусобиқаи нахустини байналмилалии теннисбозони наврас

03.09.2005

: 1491

3 сентябри соли 2005 дар таърихи варзиши Тоҷикистон, бахусус тенниси тоҷик, сафҳаи нав кушода шуд, ки ин рӯйдод бо сатрҳои заррин сабт хоҳад гардид.

Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ мусобиқаи нахустини байналмилалии теннисбозони наврас барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон оғоз гардид, ки он як ҳафта идома меёбад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмонон ва иштирокчиёни мусобиқаро табрик намуда, кушодашавии мусобиқаро эълон кард. Варзишро қосиди сулҳу дӯстӣ ва омили хуби натанҳо тарбияи рӯҳиву ҷисмонӣ, балки беҳтарин восита баҳри шиносоиву дӯстии байни ҷавонон номид. Зикр кард, ки мусобиқаи мазкур ба рушди тенниси тоҷик мусоидат намуда, дар пайдо ва кашфи варзишгарони боистеъдод кӯмак мекунад.
Мусобиқаи байналмилалии теннисбозони наврас дар соли 2005, ки аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид Соли байналамилалии варзиш эълон шудааст, дар варзиши тоҷик ҳодисаи арзишманд аст. Бовар дорем, ки дар ояндаи наздик ҳамин наврасон дар арсаи байналмилалӣ дар қатори дигар теннисбозони ҷаҳонӣ соҳибном шуда, боиси ифтихори Тоҷикистон мешаванд.
Сарвари давлат ба ҳамаи иштирокчиёни мусобиқа барои ноил шудан ба дастовардҳои варзишӣ ва дарёфти Ҷоми Президент барору комёбӣ орзу намуд ва изҳори умед кард, ки мусобиқа ба иди зебоию чолокӣ ва бардамии наврасон табдил ёфта, ҷолибу хотирмон хоҳад гузашт.