Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Комроншоҳ Устопириён қадрдонӣ шуд

Комроншоҳ Устопириён қадрдонӣ шуд Комроншоҳ Устопириён қадрдонӣ шуд

19.04.2018

: 1517

Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгари маъруфи кишвар Комроншоҳи Устопириёнро қадрдонӣ кард.

Бо қарори бюрои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо Комроншоҳ Устопириён барои ба даст овардани медали тиллои Гран Прии Анталия-2018, ки 6-8 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия доир гашт, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 500 доллари ШМА қадрдонӣ шуд.
Комроншоҳ дар ин мусобиқа дар вазни -90 кг дар даври муқаддамотӣ бар ҳарифонаш Самулӣ Виитанен аз Финляндия, Колтон Броун аз ИМА ва дар нимфинал бар Муҳаммадалӣ Меҳдиев аз Озарбойҷон ғолиб омада, ба финал роҳ ёфт. Дар қувваозмоии ниҳоӣ қаҳрамони феълии ҷаҳон Неманҷа Маҷдови сербиро шикаст дода, сазовори медали тилло гардид.
Паҳлавони тоҷик баъд аз ин пирӯзӣ дар раддабандии вазни 90 килои Федератсияи ҷаҳонии дзюдо аз ҷои ҳафтум ба ҷои чорум баромад.
Комроншоҳ рӯзи 17 апрел аз Истанбул ба Душанбе омад ва ӯро дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе масъулини соҳа, наздикону ҳаводоронаш пешвоз гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки Комроншоҳи Устопириён аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳар моҳ дар ҳаҷми 700 доллари ШМА бархурдор буда, ҳамзамон дар радифи як қатор варзишгарони маъруф ва собиқадорони соҳаи варзиши кишвар стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро дар ҳаҷми 400 сомонии моҳона дарёфт мекунад.