Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

5 медали паҳлавонони ҷавони кишвар дар Тошканд

16.04.2018

: 1353

Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Ҷоми кушоди Осиё оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки 14-15 апрел дар шаҳри Тошканди Узбекистон доир гардид, 5 медал ба даст оварданд.

Дар мусобиқа 172 варзишгар аз 7 давлат ширкат карданд. Аз ҷумҳурии мо 37 варзишгар (36 нафар миёни писарон, 1 нафар миёни духтарон) иштирок намуданд.
Тавре аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд, Қувватов Муҳаммадризо дар вазни -60 кг сазовори медали тилло шуд. Шоҳида Қаландарова дар вазни -57 кг миёни бонувон ва Шарифҷон Қурбонов дар вазни -55 кг миёни писарон медали нуқра ба даст оварданд. Разиаллоҳ Лоиқов дар вазни -66 кг ва Давлаталӣ Назаралиев дар вазни -55 кг сазовори медали биринҷӣ гардиданд.
Акнун варзишгарони ҷавони кишвар ба Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон, ки 10-13 майи соли равон дар шаҳри Бейрути Лубнон доир мешавад, омодагӣ мебинанд. Барои иштирок дар чемпионат аз ҷумҳурии мо 11 нафар миёни наврасон ва 11 нафар миёни ҷавонон сабти ном шудаанд.

Дар акс маросими медалсупории вазни -66 кг (Разиаллоҳ Лоиқов)