Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ёқубҷон Назиров – паҳлавони мағлубнашуда дар Санкт-Петербург

16.04.2018

: 1370

14-15 апрел дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Руссия Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни ҷавонон доир гардид, ки паҳлавони тоҷик Ёқубҷон Назиров медали тилло ба даст овард.

Ёқубҷон дар вазни -90 кг дар даври муқаддамотӣ ҳарифонаш Деймон де Вос (Ҳолланд) ва Имеда Гоголадзе (Гурҷистон)-ро мағлуб карда, ба нимфинал роҳ ёфт. Дар нимфинал паҳлавони ҷопонӣ Санширо Мурао ва дар финал варзишгари дигари ҳолландӣ Том Бонешанскарро шикаст дод.
Дар мусобиқа 259 варзишгар аз 16 давлати ҷаҳон иштирок карданд. Ҷумҳурии моро ба ғайр аз Ёқубҷон 7 варзишгари дигар намояндагӣ карданд: Мулораҷаб Халифаев, Суруш Тавакалов (-66 кг), Сомон Маҳмадбеков, Хайёмиддин Ҷабборов (-73 кг), Хушвақт Идиев, Файзалӣ Маҳмадов (-81 кг), Темур Маҳмадов (-90 кг). Аз миёни онҳо натиҷаи беҳтарро Мулораҷаб Халифаев нишод дод. Ӯ дар вазни -66 кг ҷои 7-умро ишғол кард.
Дар ҳисоби даставӣ Руссия бо 8 медали тилло, 4 нуқра ва 16 биринҷӣ сазовори ҷои аввал гардид. Ҷопон бо 5 медали тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ ҷои дуюм, Озарбойҷон бо 1 медали тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ ҷои сеюмро ишғол карданд. Тоҷикистон бо 1 медали тилло ва 1 ҷои ҳафтум дар мақоми панҷум ҷой гирифт.