Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тоҷикистон-Узбекистон: ҳамкориҳо дар соҳаи варзиш рушд хоҳад кард

Тоҷикистон-Узбекистон: ҳамкориҳо дар соҳаи варзиш рушд хоҳад кард Тоҷикистон-Узбекистон: ҳамкориҳо дар соҳаи варзиш рушд хоҳад кард Тоҷикистон-Узбекистон: ҳамкориҳо дар соҳаи варзиш рушд хоҳад кард Тоҷикистон-Узбекистон: ҳамкориҳо дар соҳаи варзиш рушд хоҳад кард Тоҷикистон-Узбекистон: ҳамкориҳо дар соҳаи варзиш рушд хоҳад кард

10.04.2018

: 1635

Муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо Президенти Кумитаи миллии олимпии Узбекистон Умед Аҳмадҷонов, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овардааст, мулоқот кард.

Қабл аз мулоқот меҳмон ва ҳайати ҳамроҳонаш бо шароити нави Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, аз ҷумла Осорхонаи “Шарафи олимпӣ” дидан карда, бо дастовардҳои варзишгарони тоҷик ҳам дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳам замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шинос шуданд.
Дар оғози суҳбат ҷонибҳо аз боз шудани сарҳад миёни ду кишвари дӯст ва хизматҳои сарони кишварҳо – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев – дар ин самт ёдовар шуда, изҳори хушнудӣ карданд.
- Шодем, ки ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла соҳаи варзиш миёни ду кишвар оғоз шуда, умедворем дар оянда рушд хоҳад кард, - иброз дошт Абдуллозода А. – Баъзе намудҳои варзиш дар Тоҷикистон ва баъзе намудҳо дар Ҷумҳурии Узбекистон тараққӣ кардаанд ва мо метавонем таҷрибаи ҳамдигарро омӯхта, дар оммавияти варзиш ва рушди ҳаракати олимпӣ дар кишварҳоямон кӯшиши бештар ба харҷ диҳем.
Ҷониби Узбекистон омодагиашро ҷиҳати баргузории ҷамъомадҳои машқию таълимӣ оид ба намудҳои гуногуни варзиш, баргузории мастер-класҳо бо ҷалби беҳтарин мураббиёни ҳар ду кишвар ва истифодаи варзишгарони тоҷик аз Маркази тиббӣ-тавонбахшии варзишгарон дар назди Кумитаи олимпии Узбекистон изҳор дошт.
А. Абдуллозода ва У. Аҳмадҷонов роҷеъ ба дигар самтҳои ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш табодули афкор намуда, дар охир ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.