Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чемпионати Тоҷикистон: “Хуҷанд” дар ҷои аввал аст

Чемпионати Тоҷикистон: “Хуҷанд” дар ҷои аввал аст Чемпионати Тоҷикистон: “Хуҷанд” дар ҷои аввал аст Чемпионати Тоҷикистон: “Хуҷанд” дар ҷои аввал аст

19.03.2018

: 1538

Рӯзҳои истироҳат даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд 16 март дар майдони худ тими “Хатлон”-и шаҳри Бохтарро қабул кард. Бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи мизбон анҷом ёфт. Ҳисобро бозингари тими мизбон Агблей Ҷонс дар дақиқаи 38 кушод. Ҳамдастаи ӯ Манучеҳр Аҳмадов дар дақаи 67 аз ҷаримаи 11-метра ҳисобро афзуд. Голи тими “Хатлон”-ро Наврӯз Рустамов дар дақиқаҳои иловагӣ аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд.
Бозӣ миёни дастаҳои “Панҷшер”-и ноҳияи Балхӣ ва КМВА “Помир”-и Душанбе 17 март дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ва бозӣ миёни дастаҳои “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор 18 март бо ҳисоби якхелаи 1:1 анҷом ёфт. Ба голи задаи бозингари “Панҷшер” Фаррух Файзуллоев футболбози тими артиш Абдухалил Боронов ва ба голи задаи бозингари “Куктош” Фирӯз Қараев футболбози тими “Регар” Муҳаммадшарифи Саидхоҷа бо гол ҷавоб гардониданд.
Ҳамин тариқ, баъд аз натиҷагирии ду давр дастаи “Хуҷанд” бо 4 хол садрнишини ҷадвали мусобиқа аст. “Куктош” ҷои дуюм ва “Истиқлол” ҷои сеюмро ишғол кардаанд.
Даври сеюми чемпионат 31 март ва 1 апрел баргузор мешавад. 31 март КМВА “Помир” бо “Куктош”, “Хатлон” бо “Панҷшер” ва 1 апрел “Барқчӣ” бо “Хуҷанд”, “Регар-ТадАЗ” бо “Истиқлол” вориди майдон мешаванд.