Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Эълон: Таҳсил дар доираи Барномаи “MEMOS”

19.03.2018

: 1331

Кумитаи байналмилалии олимпӣ барои кормандони масъул дар идоракунии варзиш таҳсили яксола пешниҳод мекунад.

Машғулиятҳо бо 3 забон мегузаранд: англисӣ, фаронсавӣ ва испанӣ. MEMOS бо забони англисӣ барои 12 моҳ ба нақша гирифта шудааст ва ба тарзҳои гуногун мегузарад. Иштирокчиён вазифадоранд, ки дар давраи таҳсили анъанавӣ – сентябри соли 2018 – сентябри соли 2019 – ба таври инфиродӣ лоиҳаеро амалӣ намоянд. Ҳимояи лоиҳаҳо ва ҷоизасупорӣ дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария доир мегардад.
Иштирокчиёни барнома давоми сол дар мавзуъҳои менеҷмент дар варзиш, маркетинг ва идоракунии захираҳои инсонӣ лексия мешунаванд. Иштирокчиёне, ки курсро пурра мегузаранд ва лоиҳаашонро хуб ҳимоя мекунанд, дараҷаи магистриро оид ба менеҷмент дар варзиш дарёфт мекунанд. Баъд аз хатми курс ба онҳо диплом дода мешавад.
Омӯзиш ғоибона сурат мегирад, вале 4 модули 10-рӯза бояд дар Швейтсария ё донишгоҳҳои Аврупо баргузор шавад.
Дар баробари дархост довталаб бояд мавзӯи лоиҳаашро пешниҳод кунад ва баъд аз мувофиқа шудан, ба курси омӯзишӣ даъват карда мешавад.
Довталаб бояд маълумоти олӣ дошта бошад ва то 15 июн дархост пешниҳод кунад.