Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Медали нуқраи Сомон дар Ҷоми Аврупо

Медали нуқраи Сомон дар Ҷоми Аврупо Медали нуқраи Сомон дар Ҷоми Аврупо

19.03.2018

: 1529

17-18 марти соли равон дар шаҳри Коимбраи Португал Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни ҷавонон доир гардид, ки варзишгари тоҷик Сомон Маҳмадбеков сазовори медали нуқра шуд.

Сомон ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа буд. Ӯ дар вазни -73 кг бар варзишгари итолиёӣ Комӣ Бедел, варзишгари мизбон Ҷоа Алмеида, варзишгари Нидерланд Яннер Ван Дер Колк ва варзишгари Фаронса Ҳуго Метифиот ғолиб омада, ба даври нимфинал баромад. Дар нимфинал варзишгари дигари итолиёӣ Алессандро Магнаниро шикаст дода, дар финал аз варзишгари Исроил Еҳонатан Елбаз мағлуб шуд.
Дар мусобиқа 485 варзишгар аз 26 кишвари дунё иштирок доштанд. Дар ҳисоби даставӣ Руссия бо 4 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ҷои аввалро ишғол кард. Ҷои дуюмро бо 4 медали тилло ва 6 биринҷӣ Испания ва ҷои сеюмро бо 3 медали тилло, 3 нуқра, 5 биринҷӣ Нидерланд сазовор гаштанд.
Сомон Маҳмадбеков то ин вақт дар вазни -66 кг қувваозмоӣ мекард. Ин аввалин мубиқа буд, ки дар вазни -73 кг гуштин гирифт. Ӯ дар шаҳри Иркутски Руссия зери назари мураббиён Фотеҳ ва Эргаш Маҳмадбековҳо ба мусобиқаҳои байналмилалӣ омодагӣ мебинад.
17-18 март, ҳамчунин, дар шаҳри Екатеренбурги Федератсияи Руссия Гранд Слам оид ба дзюдо баргузор шуд, ки Тоҷикистонро 10 варзишгар - Суҳроб Боқиев, Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг), Мулораҷаб Халифаев (-66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода, Муҳаммад Мирзоев (-73 кг), Мирзошариф Исматов, Хушвахт Идиев (-81 кг), Ёқубҷон Назиров, Талабуддин Файзов (-90 кг), Оишабону Қурбоналиева (-52 кг) ва Шоҳида Қаландарова (-57) намояндагӣ карданд, вале аз медалҳо бенасиб монданд.
Дар ин мусобиқа 262 варзишгар аз 34 кишвари дунё иштирок доштанд. Дар ҳисоби даставӣ ҷои аввал насиби Ҷопон шуд. Варзишгарони ин кишвар сазовори 6 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ гардиданд. Кишвари мизбон – Руссия бо 2 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ҷои дуюм ва Бразил бо 1 медали тилло, 2 нуқра, 5 биринҷӣ ҷои сеюмро сазовор шуданд.