Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Соҳибкорон варзишгаронро дастгирӣ хоҳанд кард

Соҳибкорон варзишгаронро дастгирӣ хоҳанд кард Соҳибкорон варзишгаронро дастгирӣ хоҳанд кард Соҳибкорон варзишгаронро дастгирӣ хоҳанд кард Соҳибкорон варзишгаронро дастгирӣ хоҳанд кард Соҳибкорон варзишгаронро дастгирӣ хоҳанд кард

17.03.2018

: 1642

16 марти соли равон таҳти раёсати муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим дар Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе ҷаласаи машваратӣ оид ба сарпарастии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, федератсияҳо ва дастаҳои мунтахаб оид ба намудҳои варзиш баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарони як қатор корхонаву муассисаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ, соҳибкорон, роҳбарони федератсияҳои варзишӣ, директорони мактабҳои варзишӣ, сармураббиёни дастаҳои мунтахаб оид ба намудҳои гуногуни варзиш ва кормандони кумитаҳои миллии олимпӣ ва кор бо ҷавонон ва варзиш иштирок намуданд.
Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим дар назди ҳозирин суханронӣ карда, аз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзиш ёдовар шуда, гуфт, ки сабаби ҷамъшавии мо иҷрои супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпӣ мебошад. 14 феврали соли 2018 зимни ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи миллии олимпӣ ва мулоқот бо масъулини соҳа ва варзишгарони кишвар, ҳамзамон иҷрои банди 17 Нақшаи чорабиниҳои мазкур вобаста ба таъсис додани гурӯҳи кории байниидоравӣ дар назди Ҳукумати кишвар барои омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои Осиё-2018 (Ҷакарта/Палембанг, Индонезия), Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон-2018 (Буэнос-Айрес, Аргентина), Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020, Бозиҳои олимпии зимистонаи 2022 (Пекин, Чин) ва ҷалби сарпарастон барои Кумитаи миллии олимпӣ, федератсияҳо ва намудҳои варзиш мо вобаста гардидем. Мо алаккай баҳри таъсиси Гурӯҳи кории байниидоравӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати кишварро омода намуда, барои мувофиқа ба вазорату идораҳо ирсол намудаем. Дар доираи дастури зикршудаи Пешвои миллат моро зарур аст, ки сарпарастию эҳсонкории Кумитаи миллии олимпиро низ баррасӣ ва ҳаллу фасл намоем.
Қайд гардид, ки миллати тоҷик фарзандони банангу номус, варзишгарони қавииродаю ватандӯстро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад, онҳо дар саҳифаҳои муҳими таърихи варзиши тоҷик ҷовидон сабт гардиданд. Қаҳрамонии Саидмуъмин Раҳимов, Зебунисо Рустамова, Иброҳим Ҳасанов, Ҳусейн Исмоилов, Азалшо Олимов ва дигарон шоистаи таҳсин ва офарин буда, мактаби бузурги тарбияи худшиносӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиро мемонад. Маҳз ҳисси худшиносӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба варзишгарони мо имкон дод, ки дар 26 соли соҳибистиқлолӣ 1264 маротиба ба ифтихори онҳо Парчами давлатӣ барафрохта шуда, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ садо диҳад, ки ҷазобтарини он Бозиҳои олимпӣ мебошад. Варзишгарони мо Дилшод Назаров, Расул Боқиев, Мавзуна Чориева ва Юсуф Абдусаломов тавонистанд шарафу номуси ватани азизамонро дар Бозиҳои олимпӣ ҳифз намуда, Тоҷикистонро дар ҷаҳон муаррифӣ намоянд.
- Бе муболиға медонам, ки қаҳрамонии Дилшод Назаров дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 ва Беҳрӯз Хоҷазода дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар соли 2017 (баъди 42 соли ғолибияти Саидмуъмин Раҳимов) ба таҳкими ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии мардум таъсири мусбат гузошта, ҳар як хонадони тоҷик аз ғолибияти онҳо ва эҳсоси баланди ватандӯстиашон ашки шодӣ мерехтанд, бевосита мову Шумо ҳам. Ба ин муносибат ва ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни чунин фарзандони бонангу номуси Ватан, хусусан баҳри ҳавасманд намудани варзишгарони бомаҳорати кишвар соли 2015 «Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ» таъсис дода шуд, ки то имрӯз се маротиба бо Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 нафар варзишгар ва мураббиёни онҳо бо ин Ҷоиза сарфароз гардонида шудаанд, ки ҳаҷми умумии маблағи ҷоиза 1 296 250 (як миллиону дусаду наваду шаш ҳазору дусаду панҷоҳ) сомониро ташкил медиҳад ва маблағҳои мазкур аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидаанд, - иброз дошт муовини Сарвазир. - Ба Шумо маълум аст, ки барои бозиҳои дар боло зикршуда ва омодагии пурраи дастаи яккачин, махсусан иштирок дар машқҳои дастаҷамъона ва мусобиқаҳои квалификатсионӣ муҳлати хеле кам мондааст. Дар ин замина мо боварии комил дорем, ки Шумо барои соҳаи варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим, махсусан ҳифзи шарафу номуси варзиши кишвар дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун соҳибватан бетафовут нестед ва ҳеҷ гоҳ набудед.
Қайд гардид, ки сарпарастӣ аз хеле барвақт дар рушди ҳаракати олимпӣ нақш мебозад. Ҳар кумитаи миллии олимпӣ масъалаҳои вобаста ба таъмини либосу лавозимоти варзишӣ, қадрдонии ғолибону ҷоизадоронро бояд ҳал намояд. Захираҳои асосии кумитаҳои олимпӣ аз ҳисоби сарпарастон буда, тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ ширкатҳои гуногун кумитаҳои олимпиро аз нигоҳи молиявӣ, иттилоотӣ, бурдани ҳайати дастаҳо ба мусобиқаҳо, ҳуқуқӣ ва ғайра дастгирӣ менамоянд ва бар ивази ин ҳуқуқ пайдо менамоянд, ки рамзи олимпиро дар роликҳои рекламавӣ ва дигар намуди таблиғот истифода баранд.
Аз тарафи дигар, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ барои ширкатҳои гуногун сарпарастӣ дар рушди ҳаракати олимпӣ ифтихори баланд буда, дар шароити брендсозӣ онҳо аз ҳалқаҳои олимпӣ, ки яке аз шинохтатарин ва машҳуртарин брендҳои ҷаҳон мебошад, истифода мебаранд.
- Умедвории калон дорам, ки Шумо ба ин масъала некбинона назар менамоед ва бо саҳми якҷоя мо метавонем баҳри дастгирии соҳаи варзиш ва ба ин васила саҳмгузорӣ дар раванди омодагии ҷиддии варзишгарон, рушди намудҳои варзиш ва таъмини ҳарчи бештари оммавияти он дар миёни мардуми Тоҷикистон саҳмгузор бошем, - гуфт Азим Иброҳим.
Сипас роҳбарони корхонаву муаасисаҳо ва соҳибкорон, аз ҷумла, раиси Ширкати “Барқи тоҷик”, роҳбарони КВД “Роҳи оҳан”, “Тоҷик Эйр”, “Тоҷикаэронавигатсия”, “Нассоҷии тоҷик”, бозори “Султони Кабир” ва дигарон баромад карда, изҳор доштанд, ки дар пайравӣ ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат омодаанд, ки ҷиҳати омодагии варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва иштироки онҳо дар бозиҳои варзишӣ саҳм гузоранд.