Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Истиқлол” ва “Куктош” чемпионати навро бо ғалаба оғоз карданд

“Истиқлол” ва “Куктош” чемпионати навро бо ғалаба оғоз карданд “Истиқлол” ва “Куктош” чемпионати навро бо ғалаба оғоз карданд “Истиқлол” ва “Куктош” чемпионати навро бо ғалаба оғоз карданд

13.03.2018

: 1515

Рӯзи шанбе – 10 март – 27-ум Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ бо дидори дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хатлон”-и Бохтар шурӯъ шуд.  

Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардида, бо ғалабаи тими Душанбе (3:1) ба анҷом расид. Қабл аз бозӣ сарварони ҳар ду даста – Дилшод Восиев ва Алишер Баротов зери навои Суруди миллӣ Парчами давлатии Тоҷикистонро парафшон карда, мавсими нави футболро оғоз бахшиданд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон бозингарони тими “Истиқлол” аз аввал рафти бозиро ба даст гирифтанд ва Шериддин Бобоев то дақиқаи 37 ду голро вориди дарвозаи “Хатлон” кард. Қабл аз анҷоми қисми аввал Комрон Турсунов голи сеюми дастаи Душанберо зад.
Баъд аз танаффус футболбозони пойтахт ҳуҷумҳоро идома доданд, аммо натавонистанд бисёр лаҳзаҳои головарро ба нафъи худ истифода баранд. Дар охир футболбозони шаҳри Бохтар зарбаи 11-метра кор карда, онро бо гол хотима доданд – 3:1.
Бозии марказии даври аввал миёни дастаҳои КМВА “Помир” ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд доир шуд. Дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе вохӯрда, баробар бозӣ карданд – 3:3. Ҳисобро дар дақиқаи 11-ум бозингари тими артиш Шодибек Ғаффоров кушод. Дар дақиқаи 22 футболбози тими меҳмон Манучеҳр Аҳмадов аз пеналтӣ ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаҳои охири қисми аввал тими соҳили Сирдарё тавассути Агблей Ҷонс ҳисобро тағйир дод. Дар дақиқаи 69-ум Манучеҳр Аҳмадов дар ҷаримагоҳи дастааш бо даст бозӣ ва барои мизбонон пеналтӣ кор кард. Шодибек Ғаффоров зарбаи 11-метраро бехато вориди дарвозаи ҳариф намуд. Дар дақиқаи 75 Абдухалил Боронов аз тими “Хуҷанд” голи сеюми дастаашро зад ва баъд аз 4 дақиқа Шарафҷон Солиҳов ҳисобро баробар кард – 3:3.
Бозии дигари давр миёни дастаҳои “Барқчӣ”-и Ҳисор ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бе гол хотима ёфт – 0:0.
Бозии охирини давр дирӯз – 12 март – доир шуд. “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки соли аввал дар лигаи олӣ бозӣ мекунад, дар аввалин дидор дастаи “Панҷшер”-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Голҳои “Куктош”-ро Принс Артур, Идан Окран ва голи “Панҷшер”-ро Хайриддин Турахонов заданд.
Даври дуюми чемпионати Тоҷикистон 16-18 март баргузор мешавад. 16 март “Хуҷанд” дар майдони худ “Хатлон”-ро қабул мекунад. 17 март “Панҷшер” бо КМВА “Помир” вомехуранд. 18 март “Куктош” муқобили “Регар-ТадАЗ” вориди майдон мешавад.