Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Истиқлол” бори ҳафтум барандаи Абарҷоми Тоҷикистон шуд

03.03.2018

: 1597

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе тими “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби 3:2 мағлуб карда, дар таърихи мавҷудияташ бори ҳафтум барандаи Абарҷоми Тоҷикистон шуд.

Бозӣ барои ба даст овардани Абарҷоми Тоҷикистон миёни қаҳрамони Тоҷикистон – “Истиқлол” ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2017 “Хуҷанд” 2 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гашт. Ҳисобро дар дақиқаи 17 ҳимоятгари “Хуҷанд” Фирдавс Чақалов кушод. Дар дақиқаи 31 легионери ганагии тими Хуҷанд Абглей Ҷонс ҳисобро афзуд. Дар дақиқаҳои охири қисми аввал Фирдавс Чақалов боз як гол зад, аммо ба дарвозаи дастаи худ. Дар қисми дуюм легионери белорусии “Истиқлол” ҳисобро баробар кард ва вақти асосӣ бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфт.
Ғолиб дар ду қисми 15-дақиқаӣ маълум шуд. Дар қисми дуюми вақти иловагӣ Нозим Бобоҷонов дарвозаи “Хуҷанд”-ро рахна карда, ғалабаи “Истиқлол”-ро таъмин намуд.
Ҳамин тариқ, “Истиқлол” маротибаи ҳафтум Абарҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Тими футболи Душанбе қаблан солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015 ва 2016 соҳиби Абарҷом гардида буд.