Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Гуштин: 18 варзишгари тоҷик дар ЧО-2018 иштирок мекунанд

26.02.2018

: 1728

Аз 28 феврал то 4 марти соли равон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Чемпионати Осиё оид ба гуштин (тарзи озод, юнонӣ-римӣ, бонувон) доир мегардад, ки дар он тими мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 18 варзишгар ва ду мураббӣ иштирок мекунанд.

Тавре аз Федератсияи гуштини Тоҷикистон хабар доданд, дар намуди гуштини тарзи озод 10 варзишгар (Ҳикматулло Воҳидов (57 кг), Ҷамшед Шарифов (61 кг), Абдулқосим Файзиев (65 кг), Ғуломҷон Шарифов (70 кг), Сорбон Абдулҳаев (74 кг), Усмони Қосим (79 кг), Баҳодур Қодиров (86 кг), Комилҷони Сафаралӣ (92 кг), Искандари Рустам (97 кг), Фарҳод Анақулов (125 кг) ва дар намуди гуштини юнонӣ-римӣ 8 варзишгар (Ҳасан Сӯфиев (55 кг), Шарифзода Азизбек (67 кг), Суҳроб Ҳоҷиев (72 кг), Бахтовар Ҳасанов (77 кг), Суҳроб Абдулҳаев (82 кг), Шараф Файзиев (87 кг), Мирзоамин Сафаров (97 кг), Суҳроҷ Азизов (130 кг) имрӯз ба шаҳри Бишкек сафар карданд. Онҳоро дар ин сафар сармураббии гуштини озод Абдурозиқ Олимов ва сармураббии гуштини юнонӣ-римӣ Ҳабибулло Абдуллоев ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар рақобатҳо иштироки варзишгарон аз 25 давлати қораи Осиё дар назар аст.