Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Натиҷаҳои варзишгарони тоҷик дар Гранд Слами Дусселдорф

26.02.2018

: 1645

Тавре хабар дода будем, 23-25 феврали соли равон дар шаҳри Дусселдорфи Олмон мусобиқаи Гранд Слам оид ба дзюдо баргузор гардид, ки дар он тими мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 6 варзишгар иштирок карданд.

Варзишгарони мо дар 4 вазн - Беҳрӯз Хоҷазода, Асадулло Тоҳиров (-73 кг), Кароматулло Ҳакимов, Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг) ва Темур Раҳимов (-100) – қувваозмоӣ намуданд, вале аз медалҳои мусобиқа бенасиб монданд.
Натиҷаи беҳтарро Комроншоҳ Устопириён ба даст овард. Ӯ дар даври муқаддамотӣ бар се рақибаш пирӯз шуда, ба нимфинал баромад, аммо дар ин давр аз варзишгари ҷопонӣ Машу Бакер шикаст хурд. Дар рақобат барои ҷои сеюм низ Комроншоҳ аз варзишгари Муғулистон Алтанбагана Гантулга мағлуб шуда, ҷои панҷумро сазовор шуд. Варзишгарони дигари мо дар даври муқаддамотӣ аз ҳарифонашон шикаст хурданд.
Дар Гранд Слам Дусселдорф 500 варзишгар аз 71 кишвари дунё иштирок карданд. Дар ҳисоби даставӣ Ҷопон бо ба даст овардани 7 медали тилло ва 2 медали нуқра ҷои аввалро ишғол кард. Руссия, ки 1 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст овард, мақоми дуюмро сазовор шуд. Ҷои семро Украина бо 1 медали тилло ва 1 нуқра ишғол кард.