Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тими велосипедронии Тоҷикистон бори аввал дар ЧО ширкат намуд

15.02.2018

: 1734

Дастаи мунтахаби велосипедронии Тоҷикистон дар таърихи мавҷудияташ бори аввал дар Чемпионати Осиё, ки 8-12 феврал дар Мянма доир гашт, ширкат намуд.

Ба ҳайати тими Тоҷикистон Далер Савостянов аз вилояти Суғд ва Муҳаммадҷон Азизов аз Душанбе, инчунин мураббии онҳо Ҷалол Раҳимов дохил буданд.
Тавре муовини раиси Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон Андрей Миронов ба “Азия плюс” хабар додааст, Муҳаммадҷон Азизов дар қувваозмоии велосипедронӣ дар шоҳроҳ, масофаи 106 километр бо натиҷаи 2.35.01 ҷои 35-умро ишғол кард. Натиҷаи ғолиби мусобиқа аз Ҷопон – 2.32.38.
А. Миронов барои дастгирӣ ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, “Казкоммерсбонк Тоҷикистон”, Конфедератсияи велосипедронии Осиё, Федератсияи велосипедронии Мянма ва дигарон изҳори сипос кард.