Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷоми ЧҶ оид ба футбол ба Душанбе оварда шуд

Ҷоми ЧҶ оид ба футбол ба Душанбе оварда шуд Ҷоми ЧҶ оид ба футбол ба Душанбе оварда шуд Ҷоми ЧҶ оид ба футбол ба Душанбе оварда шуд

06.02.2018

: 1692

Бори аввал дар таърих Ҷоми чемпионати ҷаҳон оид ба футбол бо ташаббуси ширкати “Coca-Cola” ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Душанбе оварда шуд.

Ҷоми чемпионати ҷаҳон баъд аз нисфирӯзи 5 феврал бо тайёраи махсус ба Душанбе расид. Ҷомро футболбози дар гузашта машҳури тими мунтахаби Фаронса, қаҳрамони ҷаҳон ва Аврупо, 2 карат ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо Кристиан Карамбе ҳамроҳӣ кард.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Федератсияи байналмилалии футбол ва ширкати “Coca Cola”-ро раиси шаҳри Душанбе, ҳамзамон президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо, президенти клбуи футболи “Истиқлол” Шоҳрух Саидзода ва директори генералии Ширкати “Coca Cola – Нушокиҳои Тоҷикистон” Эзел Агаоғлу пешвоз ва бо Парчами давлатӣ чанд расми хотиравӣ гирифтанд.
“Ба пойтахти Тоҷикистон овардани Ҷоми чемпионати ҷаҳон оид ба футбол барои мо ҳодисаи гуворо аст. Ба ширкати “Coca Cola” ва Федератсияи байналмилалии футбол барои Душанберо ба “Сайри Ҷоми ҷаҳонии футбол” ворид кардан изҳори сипос менамоям. Бовар дорам, ки ин ҳодиса дар рушди бештари футбол дар кишвар мусоидат мекунад”, - гуфт Рустами Эмомалӣ.
Сипас, Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Кохи Борбад ва меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” ба намоиш гузошта шуд, ки беш аз 3000 нафар тавонистанд Ҷомро аз наздик бубинанд ва акси хотиравӣ бигиранд.
Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол тобистони имсол дар Руссия баргузор мешавад. Ҷоми ҷаҳонии футбол 15 июл дар варзишгоҳи “Лужники”-и Маскав ба беҳтарин тими футболи сайёра тақдим мегардад.