Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Карамбе Ҷоми чемпионати футболи ҷаҳонро ба Душанбе роҳнамоӣ мекунад

23.01.2018

: 1669

Легендаи футболи ҷаҳонӣ, қаҳрамони ҷаҳон ва Аврупо, 2 карат ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо, футболбози дар собиқ машҳури тими миллии Фаронса Кристиан Карамбе Ҷоми чемпионати ҷаҳонии футболро зимни оварданаш ба Душанбе роҳнамоӣ мекунад.

Дар доираи сайри ҷаҳон Ҷоми аслии чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ба 50 кишвар, аз ҷумла ба Тоҷикистон оварда мешавад. Ҷоми ҷаҳонии FIFA бо иқдоми ширкати Coca-Cola 5 феврал ба Душанбе мерасад ва мухлисону дӯстдорони футболи Тоҷикистон имкон доранд ҷоми орзуҳои футболбозонро бо чашми худ бубинанд.
Овардани Ҷоми чемпионати ҷаҳон оид ба футболро ба Тоҷикистон Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати Coca-Cola ташкил намудааст.