Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Унвонҳои варзишӣ ба соҳибонаш тақдим шуд

Унвонҳои варзишӣ ба соҳибонаш тақдим шуд Унвонҳои варзишӣ ба соҳибонаш тақдим шуд Унвонҳои варзишӣ ба соҳибонаш тақдим шуд

16.01.2018

: 873

Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани унвоҳои варзишӣ ба варзишгароне, ки меъёрҳои «Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва меъёри «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро давоми соли сипаригардида иҷро намудаанд, баргузор гардид.

Аҳтам Абдулозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш варзишгаронро барои соҳиб шудан ба унвонҳо ва муаррифии миллату давлат дар арсаи байналмилалӣ табрик намуда, иброз дошт, ки “Бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватан ва дастгирию ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти варзиш, Тоҷикистон сол ба сол ҳамчун давлати варзишдӯст дар ақсои олам муаррифӣ гашта истодааст. Соли 2018 барои варзишгарон соли муҳим аст, зеро дар ин сол қатори дигар мусобиқаҳои байналмилалие, ки тибқи нақша гузаронида мешавад, Бозиҳои Осиё дар давлати Индонезия ва Бозиҳои олимпии наврасон баргузор мегардад. Мо барои дар сатҳи зарурӣ омода шудани варзишгарон ба чорабиниҳои муҳими варзишӣ 80 ҳазор сомонӣ танҳо барои дар муассисаҳои варзишӣ фаъолият намудани пунктҳои тиббӣ ҷудо намудем, зеро солимии варзишгар дар мади аввал меистад. Барои дар сатҳи зарурӣ омода шудани варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ давоми соли 2018 зиёда аз 200 мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар баробари омодашавии варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ инчунин баҳри оммавияти варзиш дар кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад”.

Гуфта шуд, ки барои дараҷа ва унвоҳои варзишии «Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва меъёри «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2017 зиёда аз 200 варзишгар ҳуҷҷат пешниҳод намуданд, ки тибқи қарори комиссия 175 нафарашон ин унвонҳоро соҳиб гардиданд.

«Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон»:
Маҳмадов Ҳоҷиқурбон (каратэ-до)
Муқумова Сайёра (тенниси рӯи миз)
Каримова Зуҳро (тенниси рӯи миз)
Салимова Назокат (тенниси рӯи миз)
Суюнова Манижа (каратэ-до)
Сафаров Умед (каратэ-до)
Каримова Зебогул (каратэ-до)
Эшназарова Нигора (каратэ-до)
Зиёев Азимҷон (каратэ-до)
Ҷураев Зоҳирҷон (каратэ-до)

«Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон»:
Ғафорова Мадина (бокс)
Одинаева Ниссо (гимнастика)
Дусматова Сабина (гимнастика)
Каримова Сановбар (гимнастика)
Усонова Сановбар (гимнастика)
Алиева Асмера (гимнастика)
Имомбердиева Шоира (гимнастика)
Тюрина Анастасия (шиноварӣ)
Раҳимов Алишер (шиноварӣ)
Мадкамов Фахриддин (шиноварӣ)
Хайруллоев Алиҳон (шиноварӣ)
Ибрагимов Сино (таэквон-до ИТФ)
Қурбонова Анора (таэквон-до ИТФ)
Саторов Некрӯз (таэквон-до ИТФ)
Раҳимова Муниса (таэквон-до ИТФ)
Усмонов Накуном (таэквон-до ИТФ)
Хурсандова Таҳмина (таэквон-до ИТФ)
Шоев Ҳайдар (таэквон-до ИТФ)
Беромов Сипар (таэквон-до ИТФ)
Содиқов Сайдамир (таэквон-до ИТФ)
Содиқова Элина (таэквон-до ИТФ)
Гадоев Ромиш (таэквон-до ИТФ)
Алабердиев Зоҳир (таэквон-до ИТФ)
Асоева Гулофарин (волейбол)
Ҳусейнова Фарида (волейбол)
Дерепаскин Григорий (варзиши сабук)
Зарипов Ҳусниддин (варзиши сабук)
Исматов Одилшоҳ (варзиши сабук)
Ғафуров Сайёд (каратэ-до)
Фарангиси Баҳромзода (каратэ-до)
Расулҷон Муҳаммадҳоким (каратэ-до)
Муродзода Сафо (дастхобонӣ)
Хоҷазода Беҳрӯз (дзюдо)
Фарҳодов Раҳматуллобек (дзюдо)
Фарҳодов Муҳаммадбек (дзюдо)
Пирназарова Зумрат (қайиқронӣ)
Расулов Тоҳир (қайиқронӣ)
Нодиров Нусратулло (қайиқронӣ)
Раҷабов Некрӯз (қайиқронӣ)
Султонов Саъдулло (гӯштини миллӣ)
Ғазалшои Давлатшо (гӯштини миллӣ)
Муродов Акмал (гӯштини миллӣ)
Сафаров Мирзоамин (гуштини юнонӣ-римӣ)
Зарипов Азизҷон (гуштини юнонӣ-римӣ)
Амирҷони Саидҷон (гуштини тарзи озод)
Шарипов Ҷамшед (гуштини тарзи озод)
Муҳиддинов Умедҷон (самбо)
Дамири Шодӣ (тенниси рӯи миз)
Исмоилов Фахриддин (волейбол)
Маҳмадаминов Бобоҷон (кудо)
Болтаев Давлат (кудо)
Ғафорова Мадина (бокс)
Ҳамрохонов Бунёд (акробатика)
Шукуров Нуриддин (акробатика)
Ғойбов Комрон (акробатика)

 «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон»:
Ҳасанов Бахтовар (гуштини юнонӣ-римӣ)
Абдулҳаев Суҳроб (гуштини юнонӣ-римӣ
Атабаев Даврон (варзиши сабук)
Лоиқов Разиавлоҳ (дзюдо)
Абдуллоев Ҷамолиддин (дзюдо)
Фарҳодов Раҳматулло (дзюдо)
Гадоев Фариддун (таеквон-до)