Натичаи пахлавонони точик дар мусобикаи китъаи Аврупо

Пахлавони точик Расул Бокиев дар мусобикаи байналмиллалии Чоми олии чахони оид ба гуштини дзюдо дар шахри Парижи Фаронса байни хафт нафар бехтарин гуштингирони чахон чойгир шуд. У дар байни 45 нафар ширкаткунандагони ракобатхо дар вазни то 73 килограмм миёни мардон макоми хафтумро касб кард. Ёдрас мешавем, ки ин мусобика бо ширкати зуртарин гуштингирони беш аз 50 кишвари чахон доир шуд.
Гуштингирони точик Расул Бокиев, Неъматулло Асронкулов ва Шерали Бозоров бо максади дарёфти роххати олимпи ба ин мусобика бо дастгирии КМО Точикистон сафарбар шуданд. Онхо инчунин дар хамаи мусобикахои байналмиллали, ки дар китъаи Аврупо доир мешавад ширкат хоханд кард.
Дафтари матбуоти КМО Точикистон



